Пойгоҳи Багром, ки рӯзгоре қалби амалиётҳои низомии Амрико дар Афғонистон буд , имрӯз ба нуқтаи калидӣ дар рақобатҳои геополитикӣ миёни Вашингтон , ҳукӯмати Толибон ва қудратҳои минтақаӣ табдил шудааст. Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр , Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри Амрико ба тозагӣ ошкоро аз талош барои бозпасгирии ин пойгоҳ сухан гуфта ва ҳатто таҳдид кардааст, ки агар Толибон онро ба Амрико пас надиҳад , « иттифоқоти баде » барои Афғонистон рақам хоҳад хӯрд ! Ин пойгоҳ, ки дар ҷараёни хурӯҷи ошуфтаи неруҳои амрикоӣ дар соли 2021 раҳо шуд ва чанд ҳафта баъд ба дасти Толибон афтод. Ин дар ҳолест, ки ҳукӯмати Толибон дар Афғонистон бо бозгашти неруҳои амрикоӣ ба Багром ба шиддат мухолифат ва таъкид кардааст, ки ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод неруҳои хориҷӣ дубора бар хоки Афғонистон мустақар шаванд.
Далилҳои роҳбурдии чаҳоргонаи Амрико барои бозгашт ба Багром
1 . Мавқеъияти ҷуғрофиёӣ ва таҳдидҳо
Багром дар фосилаи ҳудуди 800 километрӣ аз марзи Чин воқеъ шудааст, ки ин мавзӯъ онро ба як нуқтаи калидӣ барои назорат бар фаъолиятҳои низомии Чин ва таъсиси пойгоҳи пешрафта дар баробари густариши нуфузи Пекин дар минтақа табдил мекунад. Чин, ки ба суръат дар ҳоли тавсеъаи зарфиятҳои низомӣ ва густариши пойгоҳҳои мушакии худ дар минтақаи Уйғуристон аст , барои Амрико як таҳдиди бузург ба шумор меравад. Багром ба Вашингтон ин имконро медиҳад, ки мавзеъҳои амалиётӣ ва майдонии Чинро аз наздик расад кунад ва ба таври муассир бар ин фаъолиятҳо назорат дошта бошад.
2 . Дастрасӣ ба манбаъҳои маъдании Афғонистон
Афғонистон бо захираҳои ғании маъдании худ ба яке аз манбаъҳои стратегии муҳим барои таъмини маводи аввалияи саноъати пешрафта табдил шудааст. Арзиши манбаъҳои маъдании ғайринафтии ин кишвар, ки шомили литий , мис , тилло , оҳан ва дигари фулузоти нодир аст , беш аз 3 триллион доллар баровард шудааст. Ин захираҳо ба вижаи литий Афғонистонро ба як манбаи калидӣ барои тавлиди батерияҳои электрикӣ , худравҳои барқӣ ва системаҳои энержии таҷдидпазир табдил кардааст. Ин манбаъҳо ба вижа дар рақобатҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ аҳамияти болое доранд. Дастрасӣ ба ин манбаъҳо метавонад барои кишварҳое монанди Амрико ва Чин, ки ба дунболи коҳиши вобастагӣ ба манбаъҳои маъдании дигар кишварҳо ҳастанд , фурсате барои тақвияти нуфузи худ дар бозорҳои ҷаҳонӣ фароҳам кунад.
3 . Аҳамияти роҳбурдӣ дар Осиёи Марказӣ
Осиёи марказӣ бо тавваҷуҳ ба манбаъҳои газу нафт дар кишварҳое монанди Туркманистону Узбекистон дар ҳоли табдил шудан ба майдони як набарди стратегӣ барои таъмини энержӣ ва манбаъҳои маъданӣ аст . Ишғоли дубораи Багром ба Амрико ин фурсатро медиҳад, ки нуфузи худро дар минтақае, ки ба шиддат таҳти таъсири Чин ва Русия қарор дорад , тақвият кунад . Амрико бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти Багром дар ҳамсоягии Покистон, Чин , Эрон ва Русия дар пайи ишғолгарии дубораи ин пойгоҳ ва мудохила дар умӯри кишварҳои ноҳамсӯ бо худ аст .
4 . Зарфияти болои амалиётии Багром
Багром ба унвони яке аз бузургтарин пойгоҳҳои низомӣ дар Афғонистон ду бонд(хатт)и фурӯди бисёр тӯлонӣ дорад, ки тавонои пазириши бомбаафканҳо ва ҳавопаймоҳои бории сангин монанди C - 5 Galaxy-ро фароҳам меоварад . Ин вижагиҳо ба Амрикои ин имконро медиҳанд ки дар буҳронҳои оянда дар Осиёи ҷанӯбӣ ё ғарби Асияи ҳам мудохила ва ҳам вокуниши сариъ нишон диҳад .
Хароҷотҳои бозгашт ба Багром барои Трамп ва Амрико
Бозгашти Амрико ба пойгоҳи Багром эҳтимолан ин кишварро бори дигар дар масирии пурҳазина(пурхароҷот) қарор медиҳад; ҳамон тавре, ки дар гузашта дар Афғонистону Ироқи гирифтори он шуд. Хароҷотҳои молии ин тасмим , ки шомили миллиардҳо доллар барои бозсозии пойгоҳҳо ва таъмини таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ аст , танҳо бахше аз ҳазинаҳои сангине аст, ки Амрико бояд бипардозад . Ҳазинаҳои молӣ аммо танҳо яке аз паҳлуҳои ин муъодилаи печида аст ; ишғоли дубораи Афғонистон метавонад ба таври қобили таваҷҷӯҳе талафоти инсонии бештарӣ ба дунбол дошта бошад. Таҷрибаи ду даҳа ҷанг дар ин кишвар нишон додааст, ки ҳузури низомии тӯлонимуддати Амрико на танҳо ҳеҷ гуна бартарии роҳбурдӣ барои Вашингтон ба ҳамроҳ надошт, балки талафоти густардаеро барои неруҳои амрикоӣ ва низ ғайринизомиёни афғон ба ҳамроҳ овард. Ин тасмим ҳамчунин ба эҳтимоли зиёд Амрикоро бори дигар вориди ботлоқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мекунад.
Your Comment